ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика иштирок ва суханронӣ намуд. иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
манбаъ хабар додааст, ки муколамаи мазкур, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш танзим гардид, барои баррасии дурнамо ва имкониятҳо барои суръат бахшидани кӯшишҳо барои таъмини энергияи дастрасу тоза барои ҳама заминаро фароҳам овард.
Гуфта шудааст, ки дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор таъкид намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баланд оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумот дод.
Ҳамзамон, дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
манбаъ таъкид доштааст, ки ҳамоиши сатҳи баланд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари роҳбарони давлату ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷуғрофии минтақавӣ ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам овард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни суханрониаш аз аҳамияти рушди соҳаи кишоварзиро тавассути истифодаи фанновариҳои нав ҷиҳати коҳиши таъсири манфии омилҳои мухталиф ба муҳити зист ва роҳандозии иқтисоди сабз таъкид карда, ба иштирокдорони саммит роҷеъ ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хусусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод.