ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирбӣ дар нишасти хабарӣ гуфт: "Ман гуфта метавонам, ки мо барои анҷом додани амалиёти зиддитеррористӣ ҳама иҷозатномаҳои заруриро дорем ва ба тамоми тавоноизои худ итминон дорем".
Вай афзуд: "Бидуни суҳбат дар бораи ҷузъиёти ҳамлаҳои ҳавоӣ, ман бояд бигӯям, ки феълан ниёзе ба ҳамоҳангӣ бо Толибон вуҷуд надорад ва мо фикр намекунем, ки ягон амалиёти минбаъдаи зиддитеррористӣ аз чунин ҳамоҳангӣ вобаста бошад".
Сухангӯи Пентагон ҳамчунин гуфт, ки вазири дифоъ Ллойд Остин ба як пойгоҳи низомии мизбони афроди хориҷшуда аз Афғонитон хоҳад рафт.
"Рӯзи душанбе вазири дифоъ ба пойгоҳи низомии “Макгуайр”, ки Ню Ҷерсӣ аст, меравад, то аз амнияти дохила огаҳи пайдо кунад ва амалиёти шаҳрвандони баровардашударо баррасӣ кунад" , - гуфт оқои Кирбӣ.
Пойгоҳи “Макгуайр” яке аз ҳашт пойгоҳи низомӣ аст, ки дар он афғонҳои баровардашуда ҷойгир карда шуданд.
"Ман фикр мекунам, ки вазири дифоъ имкон дорад бо афғонҳое, ки дар онҷо ҷойгир шуданд суҳбат кунад", - илова кард Кирбӣ.
Сухангӯи Пентагон дар посух ба изҳороти ахири Марк Ҷилл, раҳбари ситоди Пентагон дар робита бо Русия, гуфт, ҳамоҳангии сарбозони Русия ва ИМА дар бораи "паст кардани шиддат" дар Сурия "як масъалаи марбут ба қонун ва сиёсат аст” ва далели он вазъ дар Украина мебошад
Марк Миллӣ қаблан гуфта буд, ки Вошингтон бояд масъалаи густариши равобити низомӣ бо Русияро баррасӣ кунад, аз ҷумла эҳтимолан иҷозати нозирон барои ширкат дар тамринҳои низомӣ.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст