ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Владимир Путин дар қарантин ё худинзивоӣ реҷаи муқаррарии кору зиндагияшро пеш мебарад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод.
Рӯзноманигорон аз сухангӯи Путин суол карданд, ки роҳбари давлат дар вақтҳои берун аз кораш, дар қарантин ба чӣ машғул аст ва оё шуғлаш ба варзиш, аз ҷумла шиновариро идома дода истодааст ё на.
"Реҷаи муқаррарии зиндагияшро медиҳад ва албатта, далеле барои тағйири чизе мавҷуд нест",-таъкид намуд Песков.
Худинзивоӣ ин маҳдудияти шартӣ мебошад ва роҳбари Русия пайваста бо ҳукумат ва роҳбарияти дастгоҳ дар тамос мебошад, илова кард намояндаи Кремл.
Дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр иттилоот расонаӣ шуд. Далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.
Дар пайи сари вақтнагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки амнияту кори раисҷумҳурро таъмин мекунанд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин воксини зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.