Раҳмон Тоҷикистонро ба узвияти Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ кард

Тоҷикистон ният дорад, дар мубориза бо таҳдидҳо, инчунин барқарор кардани сулҳу субот тавассути музокирот мубодилаи таҷриба кунад
Sputnik
Тоҷикистон метавонад аз соли 2028 то 2029 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шавад.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи умумии СММ гуфтааст.

"Мо тасмим гирифтем, ки кишвари худро дар давраи аз соли 2028 то 2029 ба узвияти доимии Шӯрои амният пешбарӣ кунем",-гуфт сарвари давлат.

Ба гуфтаи Раҳмон, ҷумҳурӣ ният дорад, дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои амнияти СММ ғайридоимӣ, тавассути "мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳо ва барқарорсозии субот бо роҳи музокирот" саҳм гузорад.
Ҳамчунин сарвари давлат гуфт, ки ҷумҳурӣ шумораи нерӯҳои сулҳи худро дар минтақаҳои низоъ афзоиш хоҳад дод.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СММ ба ҳамсоягони Афғонистон: марзҳои худро барои паноҳҷӯён боз кунед
Раҳмон таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи ҳамкории ҷумҳурӣ ва СММ -ро мусбат арзёбӣ мекунанд. Кишвар минбаъд низ фаъолияти сулҳҷӯёнаи созмонро дастгирӣ хоҳад кард "ва саъй хоҳад кард, то дар барқарорсозӣ, нигоҳ доштани сулҳ ва субот дар минтақаҳои низоъ дар сайёра кумак кунад",-афзуд президент.
Дар ҳоли ҳозири аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ панҷ кишваранд: Русия, ИМА, Бритониё, Чин ва Фаронса.
Давлатҳои гуногун ба муҳлати муаяйн узви Шӯрои амнияти ин созмон мешаванд. Аз Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон аз соли 2017 то 2018 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ буд.