ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, марди 28-сола, сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши мошинҳо дастгир шуд.
Бар асоси иттилоияи мақомоти умури дохилӣ, ҷавони муттаҳам мошинҳоро гарон нархгузорӣ карда, тариқи нася мегирифтааст ва баъдан бо нархи арзон фурӯхта, маблағро ба фоидаи худ истифода мекардааст.
Аз ҷумл оварда шудааст, ки муттаҳам аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри-3”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст. ВУД мегӯяд, ин ҷавон сипас мошинро ба ивази 105 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин номбурда аввалҳои моҳи майи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри-3”-ро ба маблағи 155 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.
"Сипас автомашинаро ба маблағи 98 ҳазор сомонӣ фурӯхта, аз ин маблағ 35 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 120 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД. Таъкид шудааст, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Мақомот зикр кардаанд, ки дастгиршуда қаблан низ бар асоси моддаи 292-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ки ҷавобгарӣ барои саркашӣ аз андозро пешбинӣ мекунад.