ДУШАНБЕ, 24 сентябрь - Спутник. Варзишгари маъруфи тоҷик Нурулло Алиев пас аз як набарди муваффақ дар EFC ба Тоҷикистон омад.
Наворҳое, ки дар сафаҳоти расонаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, истиқболи гарми варзишгарро нишон медиҳад.
Пас аз силсилаи пирӯзиҳо сокинони пойтахт варзишгарро ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.
Соҳибкори маъруф Раҳим Бобоҷонов, ки бо номи Абдураҳими Ғармӣ машҳур аст, ба Алиев туҳфаи қиматбаҳо - мошини нав ҳадя намуд.
"Ташаккур ба ҳама барои пазироии гарм, ман ҳамаро қадр мекунам",- навиштааст Нурулло Алиев дар саҳифааш дар "Инстаграм".
Ёдовар мешавем, ки Алиев муборизаҳои шартномавиро бо ғалабаи шашум, ки ҳарифи охираш Кирилл Крюкови русиягӣ буд, дар мусобиқаи "Eagle FC" ба даст овард.
Паҳлавони тоҷик эълон кард, ки рақобатҳои минбаъдаашро дар ИМА баргузор хоҳад намуд.