ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Маскав амалҳои аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон" * дар Афғонистонро пайгирӣ мекунад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар посух ба суоли рӯзноманигоре, ки ба маънии оё Федератсияи Русия ният дорад, ҳайати ҳукумати нави он кишварро даъват кунад, буд, изҳори назар кард.
"Мисли аксарияти кишварҳои ҷаҳон мо ҳоло бодиққат мушоҳида кардан мехоҳем, ки "Толибон"* дар Афғонистон чӣ кор мекунанд ва сохтори ниҳоӣ дар ин кишвар чӣ гуна хоҳад буд",-гуфт Песков.
Вай таъкид кард, ки Русия ҳамчунин иҷрои ваъдаҳои радикалҳоро назорат мекунад.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии Афғонистон, ки аз ҷониби "Толибон"* ташкил карда шудааст, дар суҳбат бо "РИА Новости" дар бораи нияти ҷангиён барои рушди равобит бо Маскав дар сатҳи баланд изҳори назар буд.
Дар робита ба ин "Толибон"* мехоҳанд аз Федератсияи Русия даъватнома гиранд.
"Мо мунтазири даъват ба сафари Маскав ҳастем. Мо ҳеҷ мушкиле надорем ва хостори сатҳи баланди муносибатҳо бо Ҳукумати Русия ҳастем", - гуфт Муҷоҳид
Ба гуфтаи ӯ, Русия барои Афғонистон як ҳамсояи муҳим аст. Муҷоҳид дар робита ба равобити қавии Маскаву Кобул изҳори умедворӣ кард.
* - созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.