Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Захарова: Ғарб бояд аз иштибоҳоти худ дар Афғонистон дарси ибрат бигирад

Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Мария Захарова аз равишҳои қадими кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ ба ҷои эътироф ба иштибоҳоти худ аз равишҳои қадим дар Афғонистон истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки аксари кишварҳо ба барқарор кардани тамос бо “Толибон”* шуруъ кардаанд, қудратҳои ғарбӣ ҳоло ҳам дар ҳоли "рад кардани ҳақиқат" қарор доранд.
“Баъзан шумо бояд иқрор шавед, ки хато кардаед ва дар ниҳоят аз хатоиҳои худ хулоса барореду онҳоро такрор дигар накунед”, - навиштааст Захарова.
Вай қайд кард, ки афғонистониҳо дар тӯли 20 соли охир натавонистаанд "арзишҳои ғарбӣ" -ро қабул кунанд.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?
Қаблан Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки масъалаи намояндагии “Толибон”* дар Созмони Милал бояд тибқи қонунҳои байналмилалӣ ҳал шавад.
* - гурӯҳи террристӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнуъ шудааст