ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” барои амалӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Иттилоъ дода шудааст, ки иҷозатномаро барои фаъолияти азнавсуғуртакунӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба мудири ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” Раҳмонов Бузургҷамил супорид.
Раиси БМТ зимни супоридани иҷозатнома изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ин созмон аз аввалин ташкилотҳоест, ки барои анҷом додани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ иҷозатнома гирифт ва ин амал иқдоми пурмасъулияту назаррас барои рушди бозори суғуртаи кишвар хоҳад буд.
Манбаъ қайд кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, ахиран бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ширкати ташкилоти суғуртавии “Муин”, дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти суғуртавии “Муин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатномаи ҷадид тақдим шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, иҷозатномаи ширкати ташкилоти суғуртавии “Муин”, ки бо қарори комиссияи Вазорати молияи Тоҷикистон барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.