"Толибон"* аз иҷрои шартҳои эътирофи ҳукумати Афғонистон худдорӣ карданд

Ҷангиёни "Толибон"* гуфтаанд, ки шартҳои ба онҳо гузошта хилофи қонунҳои байналмилалӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Аъзоёни Ҳаракати ҷангиёни "Толибон"* шартҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣбарои эътирофи ҳукумати нави Афғонистон ба миён гузоштааст, қабул надоранд.
Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги кишвар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Skynews Arabia гуфтааст.
"Шартҳои эътирофи ҳукумати мо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, қобили қабул нест" , - гуфт сухангӯи ҷангҷӯён.
Ба гуфтаи ӯ, чунин талабот "қонунҳои байналмилалиро вайрон мекунанд".
Муҷоҳид таъкид кард, ки эътирофи ҳукумат аз ҷониби дигар давлатҳо "ҳуқуқи ҳам "Толибон" * ва ҳам мардуми Афғонистон аст".
Ба гуфтаи ӯ, феълан ҷангҷӯён кӯшиш мекунанд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтироми тарафайн муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунанд, гуфт намояндаи ҳаракат.
Вай афзуд, ки "ҳама нигарониҳое, ки дар бораи мақомоти нави Афғонистон баён шудаанд, ҳалшавандаанд".
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* ҳукуматеро ташкил кардаанд, ки тибқи ваъдаашон муваққатӣ аст.
“Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон: Ин барои Тоҷикистон чӣ хатар дорад
Ҳайати Девони нав аз ҷониби як қатор иёлот интиқод карда шуд. Ҳанӯз ягон кишвар қонунӣ будани ҳокимияти ҷангиёнро дар ҷумҳурӣ эътироф накардааст. Барои он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати кунунии Афғонистон розӣ шавад, он бояд фарогир бошад - яъне он бояд аз намояндагони миллатҳои гуногун иборат бошад ва инчунин занонро дар бар гирад.
Илова бар ин, "Толибон"* бояд ҳуқуқҳои аҳолиро эҳтиром кунанд ва амалҳои хушунатомез алайҳи онҳоро бас кунанд. Пештар дар Кобул музокироти намояндагони Русия, Чин ва Покистон бо ҷангҷӯён сурат гирифт. Мавзӯи асосии ҷаласа баррасии роҳҳои рафъи бӯҳрон дар ҷумҳурӣ ва инчунин ояндаи он буд.
* созмони мануъ дар Тоҷикистон ва Русия