ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк маросими имзои Изҳороти муштарак оид ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар баргузор шуд.
Баёнияи муштаракро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат таъкид карданд.