ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор дошт.
Дар ҷараёни сафари корӣ раисҷумҳур чанд иншооти гуногунро дар ноҳияҳои водии Рашт ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти президент бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари кориаш ба ноҳияи Рашт бо мақсади ифтитоҳи чанд иншооти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо ба истифода додани бинои нав сатҳу сифати кор беҳтар мегардад.
Ҳамзамон раисҷумҳумҳури Тоҷикистон дар Балҷувон чандин иншооти дигари муҳимро ба истифода дод.