ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи чанд иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбари давлатро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳия пешвоз гирифтанд.
Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир ифтитоҳ карда, бо имконоти боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ ва дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан, ба монанди “кипарис”, “мажевелник”, “серенаи ҳиндӣ” ва “каштан” шинонида шудааст.
Гуфта мешавад, дар дохили боғ амфитеатри замонавие барои гузаронидани консерту дигар чорабиниҳо, барои гузаронидани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд шудааст.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди боғ аттраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун бунёд гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик нишони давлатии Тоҷикистонро низ рӯнамоӣ кард.
Майдони нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил шуда, баландии пояи нишон ба 22 метр мерасад.
Ҳамзамон роҳбари Тоҷикистон дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ — парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Майдони парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида аст.
Тибқи иттилои манбаъ, баландии парчам бо дарназардошти сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метр мебошад.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур аз тарафи мақомоти ноҳияи Темурмалик ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфтааст.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик, дар шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор дод.