Вазорат шумораи ваксиншудаҳоро эълон кард: Душанбе пешсаф аст

Вазорат мегӯяд, 99,6 дарсади сокинони шаҳри Душанбе аз маъракаи иммунизатсия гузаштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 20 сентябр шумораи нафарони воксингирифта дар кишвар ба 2 307 140 нафар расидааст.
Ин ниҳод афзуд, ки феълан 1 565 281 нафар вояи дуюми воксин алайҳи коронавирусро гирифтаанд ва маъракаи иммунизатсия ҳамоно дар кишвар идома дорад.
Қайд гардидааст, ки дар шаҳри Душанбе аллакай 99,6 дарсади сокинон ваксин гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии мегӯяд, худи шаҳрвандон ба маъракаи воксгирӣ беаҳамият нестанд ва "бо масъулияти зиёд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустӣ барои гирифтани воксин муроҷиат мекунанд.
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Қаблан муовини вазири тандурустӣ, Ғаффор Муҳсинзода гуфта буд, ки барои ба даст овардани масунияти омавӣ бояд 5,8 - 6 миллион шаҳрванди мамлакат бо воксин таъмин шавад.