Қатли писари сесола аз ҷониби падар дар Хуҷанд: Ӯ шубҳа кардаст, ки кӯдак фарзандаш аст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иттиҳоми фарзандкушӣ алайҳи марди 44-сола хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мақомоти милиса, сокини 44-солаи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми кӯдаккушӣ боздошт кардаанд. Мард дар он муттаҳам мешавад, ки дар заминаи шубҳа дар падарияш, кӯдакро буғӣ кардааст.
"Муттаҳам дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, Ӯ бо фикри ин писар аз ӯ намебошад, кӯдакро латукӯб намуда, дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст", - омадааст дар иттилоия.
Шикояти домод аз падарарӯси 68-сола ба милиса: Беасос латукӯб шудам
ВУД мегӯяд, ҳодиса рӯзи 11-уми майи соли 2020, тахминан соати 12:50 рух дода, муттаҳам санаи 12-уми майи соли 2020, ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Б.Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Мақомоти милиса бо гузашти беш аз як сол аз содиршавии ҷиноят аз боздошти муттаҳам хабар доданд. Таъкид шудааст, ки ӯ қаблан бо моддаи 244 барои дуздӣ ва моддаи 307 иловаи 3 барои фаъолияти тундгароии Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.
ВУД мегӯяд, феълан алайҳи мард бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад.