ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо вуҷуди қарантин метавонад мавлудашро дар ҳалқаи оила ва дӯстонаш таҷлил намояд.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳор доштааст.
"Феълан дақиқ гуфта наметавонам, то зодрӯз ҳанӯз вақти зиёд аст, ҳанӯз рӯзҳои корӣ идома доранд",-изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳур.
Ӯ илова намуд, ки феълан маълум нест, қарантини раисиҷумҳур то кай идома мекунад. Аммо чунин шароит ҳич таъсире ба кори Путин надоранд, изҳор дошт намояндаи Кремл.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин зодрӯзашро 7 октябр таҷлил мекунад. Ӯ 69-сола мешавад.
Дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр маълум шуд. Далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус арзёбӣ шуд.
Дар пайи сари вақт дубора нагирифтани ваксина бархе аз афроде, ки амнияту кори раисҷумҳурро таъмин мекунанд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин воксини зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.