Мирзиёев дар СММ гуфт, набояд Афғонистонро бо мушкилоти зиёди он танҳо гузошт

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ироаи паёми видеоӣ ба иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ дар мавриди вазъияти мушкили Афғонистон ибрози назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев кишвардори Ӯзбекистон дар иҷлосияи СММ аз тариқи онлайнӣ суҳбат кард.
Сарвари Ӯзбекистон ҳам ба вазъи нигаронкунанде, ки алъон дар Афғонистон мавҷуд аст, дахл намуд ва аз ҷомеа ҷаҳонӣ дархост кард, ки набояд ин кишварро дар чунин замони барояшон мушкил танҳо гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон қисми ҷудонопазири Осиёи Марказӣ аст ва дар ин кишвар бояд ҳар чӣ зудтар сулҳ барқарор шавад.
"На танҳо мо- кишвари ҳамсоя, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барқарор шудани сулҳ дар Афғонистон манфиатдор ҳастанд", - иброз доштааст Мирзиёев.
Дар идома ӯ хотирасон намуд, ки як сол қабл Ӯзбекистон пешниҳод карда буд, ки дар назди СММ кумитаи доимамалкунандаи Афғонистон таъсис дода шавад. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки нақши СММ дар масъалаи Афғонистон тақвият меёбад ва садои он беш аз пеш баландтар мегардад.
Раҳмон дар СММ аз умдатарин мушкили ҷаҳон ва роҳҳалҳои он мегӯяд
Бояд гуфт, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар иҷлосияи 76 - уми СММ тариқи онлайнӣ иштирок ва баромад мекунад.
Гуфта мешавад, роҳбари давлат зимни суханронии худ аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон ва пайдо кардани роҳҳалҳои он ҳарф мезанад.