Маскав мавзӯи мулоқот бо роҳбарони "Толибон"*-ро гуфт

Иштирокдорони мулоқот бо роҳбарони "Толибон"* масъалаи тағйири ҳукумат, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масоилро ба миён гузоштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия бархе тафсилоти мулоқот бо роҳбарони "Толибон"* дар Кобулро баён доштааст.
Намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар мулоқот бо "Толибон"* ба ташкили ҳукумати ҳамашумул таъкид кардаанд, хабар дод сомонаи Вазорати умури хориҷии Русия.
Ба иттилои манбаъ, рушди масоили иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқи башар аз масоили дигари меҳварии мулоқот будааст.

"Таъкид ба ҷанбаҳои ҳамашумул будани ҳукумат, ҳуқуқи инсон, рушди иқтисод ва робитаҳои башардӯстӣ шуд, ки ҳадаф ҳавасмандсозӣ ба муносиботи дӯстӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсояҳо мебошад", - таъкид намуд манбаъ.

Инчунин иштирокдорони мулоқот масъалаи таъмини ягонагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳуриро баррасӣ намудаанд.
Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳанд
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти баргузоршуда дар Кобул сарвазири нави Афғонистон Муҳаммад Ҳасан Охунд, Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Мансур Аҳмад Хон, сафири Покистон дар Кобул ва Ван Ю, сафири Чин иштирок карданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар