ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Рӯзномаи “Ҳиндустон таймс” навиштааст, ки 30 тонна ҳероин аз Афғонистонро, ки аз Бандар Аббос ба ин кишвар қочоқ мешуд, дар амалиёти бузурге дар бандари Мондра дар Гуҷарот кашфу забт шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки пас аз тасарруфи кулли Афғонистон аз сӯйи “Толибон”* ва бо таваҷҷуҳ ба зарбаҳое, ки гуфта мешавад, “Толибон”* бар ҳалқаҳои ҷиноии маводи мухаддири Афғонистон ворид оварданд, қочоқчиён акнун ба бозорҳои Ҳинд рӯй овардаанд.
Дар робита ба ин мақомоти Ҳиндустон ахиран аз мусодираи 3 тонна ҳероин аз Афғонистон хабар доданд.
Аз замони дубора баргаштани “Толибон”* ба сари қудрат ба Афғонистон ҳамагӣ як моҳ гузашт.
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Ҳиндустон ахиран мувафақ шуданд, ин маҳмулаи бузурги маводи мухаддир ба арзиши 2,7 миллион долларро дар бандари “Мондра”, дар ғарби Ҳиндустон мусодира кардаанд.
Хабаргузории мазкур навиштааст, ки бори ахир ду контейнер, яке бо 2 тонна ва дигар 1 тонна ҳероин аз Афғонистон дар як бандари Эрон бор карда шудааст.
Идораи мубориза бо қочоқи Ҳиндустон қайд кард, ки шаҳрвандони Афғонистон дар фиристодани ин бор ба Ҳиндустон даст доштанд, аммо то ҳол касе аз ин нафарон боздошт нашудаанд.
Афғонистон бо тавлиди ҳудуди 90 дарсади ҳероини масрафии ҷаҳон, бузургтарин тавлидкунандаи ин маводи мухаддир ба шумор меравад.
Мақомоти “Толибон” пас аз гирифтани қудрат ва вуруд ба шаҳри Кобул дар бораи кишт ва қочоқи хашхош ба ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон доданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* дар нахустин нишасти хабарии худ (17 август) гуфт, ки “Толибон”* ҷаҳонро мутмаин месозанд, ки кишти кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қатъ мешавад.
"Вақте ки ман ба Кобул расидам, фаҳмидам, ки бисёр ҷавонон нашъаманд ва бекоранд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки кишти кӯкнорро бори дигар ба сифр расонем, чунки ин бист сол пеш буд”, - гуфт оқои Муҷоҳид.
Дар замони режими пешини “Толибон”*, ба гуфтаи Созмони Милал, кишти хашхош дар Афғонистон дар соли 2001 тақрибан 91 дарсад коҳиш ёфта буд ва ҳатто дар баъзе минотиқи Афғонистон кишти ин навъ аз маводи мухаддир ба сифр расида буд.