ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Идеологияи созмони террористии "Толибон"* метавонад дар қаламрави Русия низ паҳн шавад.
Дар ин бора зимни суҳбат бо URA.RU Фаррух Мирзоев, роҳбари Ҷамъияти тоҷикон, раиси Анҷумани иттиҳодияҳои миллӣ - фарҳангии вилояти Свердлов изҳор назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, хатари вуруди ҷангиёни зиёди "Толибон"* ба Русия ҷой надорад, чун убури марзи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ кори саҳл нест. Аммо бо вуҷуди ин бархе метавонанд роҳ ёбанд, изҳор доштааст ӯ.
"Хатари асосӣ дар паҳнавшии идеологияи онҳост, ки метавонад дар мағзи гурӯҳе аз русиягиҳо ҷой ёбад",-изҳор дошт Мирзоев.
Ӯ таъкид намуд, Русия яке аз кишварҳоест, ки мусалмонон дар он зиёд иқомат мекунанд. Феълан дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 25 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад.
Гуфта мешавад, давлат манфиатдор аст, ки дар қаламрави Русия исломи анъанавӣ густариш ёбад, на ҷараёни тундгароёна.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Екатеринбург панҷ нафарро бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз "Толибон"* боздошт кардаанд. Бар асоси иттилои расонаҳо, як шаҳрванди Русия ва чор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалли иқоматашон маводи тарканда пинҳон кардаанд, ки дар сурати тасдиқи гуноҳашон ба онҳо то 30 соли зиндон таҳдид мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар