ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар иҷлосияи 76-умини Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳад.
“Имрӯз дар ҷаҳон бисёр кишварҳое ҳастанд, ки барои онҳо сулҳу субот орзуи дурдаст боқӣ мемонанд”,- гуфт Гутерриш.
Дабири кулли СММ дар зимни муроҷиат ба раҳбарони ҷаҳон гуфт: “Масалан, дар Афғонистон, ки мо бояд кумакҳои башардӯстонаро афзоиш диҳему ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занону духтаронро ҳифз намоем”.
Ёдрас мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ рӯзи сешанбе дар қароргоҳи СММ оғоз шуд ва то 27 сентябр идома меёбад. Интизор меравад, ки вазъ дар атрофи Афғонистон ба яке аз мавзӯъҳои асосии ин иҷлосия табдил шавад.
Толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон дар авоили моҳи август пурзӯр карданд ва 15 август вориди шаҳри Кобул шуда, як рӯз баъд аз анҷоми ҷанг хабар доданд.