Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед

Сироҷиддин Муҳриддин аз Петер Маурер дархост намуд, ки ба Афғонистон, минҷумла ба сокинони водии Панҷшер ҳарчи зудтар бояд кумаки башардӯстона фиристода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар раъси як ҳайат дар кори 76 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок мекунад, бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрӣ ва мулоқот доир кард.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ хабар медиҳад, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Петер Маурер рӯзи 21 сентябр баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот Муҳриддин ва Маурер перомуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх табодули назар намуданд.
Раҳмон дар СММ аз умдатарин мушкили ҷаҳон ва роҳҳалҳои он мегӯяд
Ҳамзамон ҷонибҳо ба вазъияти феълии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дахл намуданд.
Вазири тоҷик аз роҳбари СММ дархост намудааст, ки ба Афғонистон, бахусус ба сокинони водии Панҷшер ҳар чӣ зудтар кумаки башардӯстона фиристода шавад.
Дар ҳамин ҳол, вазири тоҷик дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок ва суханронӣ кард.Муҳриддин аз ҷумла қайд намуд, ки ҳуқуқи занону духтарони афғонистонӣ бояд шуда, онҳо ба таҳсилу кор таъмин карда шаванд.
Муҳриддин дархост намудааст, ки кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон шаванд ва дар кушодани роҳҳо барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.