ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ гуфта, ки Афғонистон то кунун тавонистааст аз ҷанги шаҳрвандӣ пешгирӣ кунад, хабар медиҳад ТАСС.
"Ҳеҷ хунрезӣ набуд, дар айни замон ҷанги шаҳрвандӣ пешгирӣ карда мешавад, муҳоҷирати оммавии одамон аз кишвар вуҷуд надошт",-гуфтааст ин мақоми покистонӣ.
Ҳамзамон Қурашӣ даъват кардааст, ки ихтилофоти мавҷуд дар ҷомеаи Афғонистон набояд бештар аз ҳад бузургнамоӣ шаванд. Ба назари ӯ, ин гуна ихтилофот ҳамеша дар ҳар ҷомеа вуҷуд доранд.
"Дар ҳар демократия нуқтаи назар гуногун аст, ихтилоф вуҷуд дорад, аммо шумо дар сари миз нишаста, гуфтушунид мекунед ва роҳи пешрафтро пайдо менамоед. Мардум назари гуногун доранд", - илова намуд роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Покистон.
Илова бар ин ӯ афзуд, ки Афғонистон як ҷомеаи боз аст, як ҷомеаи баробарҳуқуқ аст, ки баҳс мекунад.
"Аммо назорат аз ҷониби роҳбарон чунин аст, ки вақте тасмим дар бораи натиҷаҳои баҳс қабул карда мешавад, он эҳтиром карда мешавад", - таъкид кард вазир.
Хотиррасон мекунем, ки "Толибон"* амалиёти густардаеро барои ғасби қудрат дар пайи эълони хуруҷи низомиёни ИМА оғоз ва дар миёнаҳои моҳи август бидуни ҷанг Кобулро тасарруф карданд.
Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангиён ба Кобул аз Афғонистон фирор ва ноиби ӯ Амруллоҳ Солеҳ худро иҷрокунандаи раҳбари давлат эълон карда, ба Ҷабҳаи муқовимат, ки таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд аст, пайваст.
* - созмони террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон манъ аст.