ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон кӯдакистон бунёд намуд.
Кӯдакистон барои 200 нафар бо харҷи 420 ҳазор доллар сохта шуд.
"Бо ташаббуси президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Учариқи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона муассисаи таҳсилоти томактабии дуошёнаи "Капалак" барои 200 нафар бунёд шуд",-изҳор дошт намояндаи Вазорати маорифи ин кишвар дар суҳбат бо Sputnik.
Зикр гардид, ки кӯдакистони навбунёд рӯзи 24 сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар маросими ифтитоҳи боғчаи кӯдакон вазири маорифи Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тасмим дар бораи сохтмони кӯдакистон дар ноҳияи Риштон ҳангоми сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 гирифта шуд.