ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазорати амнияти Перм ахиран рӯйхати кушташудагони тирпаронӣ дар донишгоҳро нашр намуд, ки ҷавонтаринашон 18 ва аз ҳама бузургтари онҳо 66 сол доштанд.
Ҳар яке аз шаш қурбонӣ ба дасти донишҷӯйи 18-солаи ин донишгоҳ кушта шуданд.
Номбурда рӯзи 20-уми сентябр бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, ба донишгоҳ омад ва сӯйи донишҷӯёну омӯзгорон, кормандони ин боргоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа шаш нафар кушта шуда, 24 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, феълан дар бемористон қарор доранд.
Вазорати мазкур дар "Telegram" рӯйхати қурбониёнро нашр кард, ки онро дар зер хонед:
Энгаус Маргарита Геннадиевнаи 66-сола;
Арамелев Ярослав Алексеевичи 19-сола;
Самченко Ксения Павловнаи 18-сола;
Шакирова Екатерина Родомировнаи 19-сола;
Айгелдина Анна Александровнаи 26-сола;
Мохова Александра Юревнаи 20-сола.