ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия 29 сентябр вориди Русия мешавад, хабар додааст РИА Новости бо такя ба мақомоти турк.
Интизор меравад, ки роҳбари Туркия барои музокирот бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин ба шаҳри Сочи меояд. Сафар як рӯз давом хоҳад кард.
Масоили мушаххаси музокирот гуфта нашудаанд, аммо таъкид мегардад, ки мавзуъҳои васеъро фаро фаро хоҳанд гирифт.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, музокироти мазкур масоили гуногун, аз бахши иқтисод то таъмини амнияти минтақавиро дар бар мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомдорони Туркия аз сафари Эрдуғон ба Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла вазири мудофиаи миллии Туркия, Хулусӣ Акар, хабар дода буд, ки қарор аст сафари раисиҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон сурат бигирад, аммо санаи мушаххаси он ҳанӯз эълон нашудааст.