ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Сафарии кории Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи Рашт идома дорад ва чанде пеш бо ҳузури роҳбари давлат дар ноҳияи Тоҷикобод бинои як маркази муосири саломатӣ ба истифода дода шуд.
Дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ки сохтмони ин бино аз моҳи ноябри соли 2018 дар масоҳати 2,5 гектар оғоз шуда буд.
Дар ҷараёни ифтитоҳи ин марказ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар он ҳамакнун 14 ҷойи нави кор таъсис ёфта, пизишкону мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Манбаъ меафзояд, маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи духтури занона, тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони маркази навтаъсис даъват намуд, то барои ҳифзи саломатии сокинони минтақа хидмати софдилона намоянд.