ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Ҳоло арзиши як халта орди 50-килоии навъи якум ба 265 сомонӣ баробар шудааст. Харидорон дар бозорҳои Суғд мегӯянд, арзиши орд назар ба як ҳафтаи пеш 20 сомонӣ бештар шудааст.
Бино ба гуфтаи сокинон, қимати орд дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҳам тағйир ёфтааст.
“Ду-се рӯз пеш як халта орди навъи якум 245 сомонӣ буд, ҳоло 260-265 сомонӣ шудааст”,-гуфт сокини Хуҷанд, ки аз бозор харид мекард.
Масъулони бозорҳо низ болоравии нархи ордро инкор намекунанд. Ғаниҷон Почоев, раиси Анҷумани соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” сабаби болоравии нархро дар суҳбат Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Ӯ гуфт, қимати орд дар коргоҳҳое, ки ба тавлиди ин маҳсул машғуланд, тағйир ёфтааст.
“Агар пештар бозорнишинон як халта ордро 250-252 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло он 258 сомонӣ аст. Фурӯшандаҳо болои арзиши ҳар халта орд 5-6 сомонӣ афзуда, пешкаши харидорон мекунанд”,-гуфт Почоев.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз бозорҳои дигари Суғд дар бораи болоравии арзиши орд хабар доданд.
Раҳматҷон яке фурӯшандаҳои бозори орд дар шаҳри Конибодом аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ворид намудани ҳама намуди бор ба бозорҳо тавассути васоили нақлия сурат мегирад ва гароншавии нархи маводи сӯхт ба нархи маҳсулот таъсир гузоштааст.
“Ҳама намуди бор, чи сабзавот, аз қабили картошкаву сабзӣ ва чи орду равған, аз шаҳру навоҳоии вилоят ба ҳамин тарз мунтақил мешаванд. Ҳоло нархи маводи сӯзишворӣ назар ба аввали сол то 50% боло рафт. Ин ҳолат ба афзудани нархи интиқоли бор бетаъсир намемонад”,-гуфт ин фурӯшанда.
Аммо дигар фурӯшандаҳо мегӯянд, коҳиши маҳсулоти воридотӣ низ боиси афзудани қимат шудааст.
Чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дода буд, ки аз аввали соли равон ба Тоҷикистон воридоти орд ва гандум коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳафт моҳи соли равон воридоти орд нисбат ба соли 2020 беш аз 25 ҳазор тонна ва воридоти гандум 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода буд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки ин шохис нисбат давраи мушобеҳи соли гузашта 50 дарсад камтар аст.
Дар моҳҳои январ - июли соли равон ба ҷумҳурӣ тақрибан 520 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. Дар ин давра беш аз 795 ҳазор тонна гандум дар кишвар истеҳсол шудааст.
Тоҷикистон дар сол ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад, ки як миллион тоннаи он дар дохили кишвар тавлид ва як миллион тоннаи дигар аз Қазоқистон ворид мешавад.