Дар ҷазираи Палма (ҷазоири Канар), таркиши вулқони Кумре-Веха як рӯз пеш оғоз шуда буд. Ин офати табииро рух додани 25 ҳазор заминларза ба вуҷуд овард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое роҳ ёфтанд, ки то дари манзилҳои истиқоматӣ омадани оташи вулқон нишон дода мешавад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки вулқон мисли ҳавопаймоҳои қиркунанда садои даҳшатбор дорад.
Бояд қайд намуд, ки бар асари ин офати табиӣ беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазира ба ҷойҳои амнтар кӯчонида шуданд ва касе маҷрӯҳ ва ё ҷон набохтааст.
Ба гуфтаи мақомот, вулқон тақрибан сад хонаро валангор кард.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Испания Педро Санчес нақшаи боздид аз ҷазираро эълон карда, сафари Ню -Йоркро лағв кард. Ёдовар мешавем, ки оташфишонии вулқон дар ҷазираҳои Канар ҳафт маротиба сабт шудааст. Охирин маротиба соли 1971 сурат гирифт ва наздики даҳ рӯз идома кард.