ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Нуробод аз қароргоҳи ҲХДТ мавриди баҳрабардорӣ шуд, ки аз се ошёна иборат буда, тамоми имконот барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизбро фароҳам кардаст, хабар дод дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бинои мазкур бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия ва аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гаштааст.
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор низ мақарри ҳизби ҳокимро мавриди истифода қарор дод, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, толори баргузории мизҳои мудаввар, бойгонӣ ва дигар зерсохтҳо мебошад. Ин бино низ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гаштааст, хабар дод котиботи раёсатҷумҳурӣ.
Таъкид шудааст, ки тамоми ҳуҷраҳои кории биноӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият таҷҳиз шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хидмати содиқона ба нафъи давлату миллат даъват кард.