ДУШАНБЕ, 20 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзи хориҷӣ эълон кард.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳазор рубл дар кишвар 155 сомонӣ арзиш дорад. Афзоиши пули русӣ дар як ҳафта як сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон, дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳазор рубл то 157 сомонӣ мерасад.
Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, қурб каме поин рафтааст. Нишондоди расмӣ барои як доллар 11,31 сомонӣ ва дар дигар бонкҳо тақрибан 11,35 сомонӣ аст.
Арзиши асъори аврупоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон шиновар буда, 1 евро ба 13.3077 сомонӣ баробар аст.
Ҳамин тавр қурби миёнаи асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3180 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3077 то 13.4500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1558 то 0.1570 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки додуситади арзии берун аз бахшҳо, идороти марказҳои бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.