Раҳбари СҶБ ба Афғонистон омад: "Толибон"* чӣ талаб мекунад?

Дар ин мулоқот ҷангҷӯён мавзӯи радди Бонки Ҷаҳонӣ аз кумак ба Афғонистон дар бахши беҳдоштро матраҳ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адҳаном Гебрейюс ба Афғонистон ташриф овард. Дар ин бора "Tolo News" хабар медиҳад.
Дар Кобул роҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо мақомоти кунунии ин кишвар, намояндагони ҳукумати "Толибон"* мулоқот карданист.
Гебрейюс ният дорад, бо ҷангҷӯён вазъи кунунии соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон, коҳиши кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба Кобул ва имкони барқарорсозии онро баррасӣ кунад.
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
Ҳоло дар ин кишвар чанд ҳазор шифохона баста шудааст, аз ин рӯ бисёре аз сокинон наметавонанд ёрии зарурии тиббиро гиранд.
Қаблан Покистон нияти худро барои барқарорсозии системаи тандурустӣ дар Афғонистон эълон карда буд. Мақомоти кишвар гуфтанд, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон" шуморе аз мутахассисон ин кишварро тарк карданд.

"Ҳамшираҳои шафқат метарсанд, ки кор раванд ва аксари онҳо вазифаҳои худро иҷро намекунанд. Беморхонаи Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ дар Кобул хуб кор мекунад, аммо талаботи саломатии Кобул ва бисёр шаҳрҳои дигарро қонеъ карда наметавонад", -гуфт ёвари сарвазири Покистон Файсал Султон.

Қаблан ҷангҷӯён табибони афғонро ба кор даъват карданд ва гуфтанд, ки омодаанд, ба онҳо маош диҳанд.
Бояд гуфт, ки вазъияти шадид дар ҷумҳурӣ на танҳо дар соҳаи тандурустӣ, балки дар иқтисод, маориф ва дигар бахшҳо боқӣ мемонад.
* - созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст