Лукашенко пас аз сафар ба Тоҷикистон сафирашро иваз кард

Сабаби барканор шудани сафири Беларус дар Тоҷикистон маълум нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар намояндагиҳои дипломатии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раёсатҷумҳури ин кишвар.
Сабабҳои барканории Олег Иванов мушаххас нашудааст.
Ҳоло Виктор Денисенко ҷойгузини ӯ шудааст, ки қаблан муованати сардори раёсати кишварҳои ИДМ дар сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгироии авруосиёии Вазорати умури хориҷии Беларусро ба уҳда дошт.
Тавсифи Лукашенко аз Тоҷикистон ва нигаронияш аз вазъи Афғонистн
Тавре Лукашенко дар суҳбаташ бо дипломатҳои тозатаъйин гуфт, Тоҷикистон на танҳо як кишвари дӯст аст, балки миёни президентҳои ин ду кишвар дӯстии қавӣ вуҷуд дорад. Аммо ӯ илова кард, ки новобаста аз дӯстии миёни Тоҷикистон ва Беларус зарфиятҳои бузурги рушди тиҷорат бо ин кишвар амалӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Виктор Денисенко ҳамзамон дар Афғонистон низ кор мекунад. Дар суҳбат бо рӯзноманигорон ӯ изҳор доштааст, ки муколама дар формати Белорус-Тоҷикистон-Афғонистон самар дод ва қадамҳои минбаъда комилан аз вазъи ин кишвар вобаста хоҳанд буд.