ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов яке аз меҳмонони фахрии нишасти сарони СҲШ буд, ки рӯзи 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷузъиёти сафари ӯро нашрияи туркмании "Хроника Туркменистана" нашр кардааст.
Дар ин музокирот Бердимуҳаммадов изҳор кардааст, Конфронси байналмилалии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дастарасӣ ба баҳрро надоранд, қарор аст, моҳи апрели соли 2022 баргузор шавад.
Ҳамчунин раҳбари Туркманистон дар муколама бо раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой даъват кард, ки корро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ тақвият бахшанд.
Дар ҷараёни ин сафар президенти Туркманистон бо сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Эрон Иброҳим Раисӣ гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом дод.
Дар муколама бо Раҳмон ӯ дурнамои рушди иқтисодиро баррасӣ карда, ҳамчунин раҳбари Тоҷикистонро ба саммити 15 -уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба Ишқобод даъват кардааст.
Бердимуҳаммадов бо раисҷумҳури Эрон муносибони энержӣ ва тиҷоратро баррасӣ кардааст. Аз ҷумла эҳтимоли аз сар гирифтани интиқоли гази Туркманистон ба Эрон ва густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ ва транзитӣ низ дар ин дидор матраҳ шудааст.
Маълум шуд, ки президенти Туркманистон ба Душанбе на бо ҳавопаймои хусусӣ, балки бо ҳавопаймои мусофиркаши "Boeing 777-200LR"-и Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон онро 15 июн гирифт, ба Душанбе омадааст.