ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ВМКБ бо иштироки раиси вилоят маросими оғози соли таҳсил дар Донишгоҳи Марказии Осиё баргузор гардид.
Дафтари матбуоти раиси вилоят бо нашри аксҳо аз маросими мазкур навиштааст, ки дар баробари Файзов дар ин чорабинӣ роҳбарияти ДОМ ва раиси вилояти Нарини Қирғизистон низ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, Ёдгор Файзов зимни суханронии худ, нахуст ҳамагонро бо 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, донишгоҳи мазкурро баракати истиқлолият ва ҳамкории пурфайз бо шарикони рушд, бахусус Ташкилотҳои Оқохони IV арзёбӣ кард.
Дар идома раиси ВМКБ қайд намуд, ки соли равон барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли таърихи аст, зеро аввалин хатмкунандагони он ба фаъолияти мустақилона шуруъ намуданд.
Манбаъ меафзояд, дар ин чорабинӣ раиси вилояти Нарини Қирғизистон ҳам суханронӣ кард ва ба беҳтарин донишҷӯён ифтихорномаҳои роҳбарияти донишгоҳ супорида шуд.