ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон консерти калони рэпсарои рус Баста баргузор мешавад.
Илова бар ин ситораи дигари рус, репсаро ва сароянда шинохта Бахтиёр Маҳмадов, ки бо тахаллуси Jah Khalib машҳур аст, дар ҷашнвораи калони идонаи "MegaFon Life Fest" ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Қарор аст, ин консерт 3 октябр дар "Наврӯзгоҳ" -и пойтахт баргузор шавад.
Миёни ҳунармандони тоҷик, барандаи намоиши байналмилалии истеъдодҳо "Central Asia's Got Talent" Чоршанбе Аловатов, иштирокчии лоиҳаи русии "You are super!" Меҳрона Ғайбуллоева, овозхони попи мӯд дар Душанбе Сафармуҳаммад ва гуруҳи "The Daze" ширкат хоҳанд кард.
Ин чорабинӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор хоҳанд шуд. Фестивал барои донандагони санъати муосир, мухлисони жанри "stand-up" ҷолиб хоҳад буд.
Барнома 3 октябр, соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) оғоз шуда, то соати 23:00 идома меёбад.
Нархи билети муқаррарии дохилшавӣ 80 сомонӣ (7,5 доллар) аст. Чиптаҳое, ки ба саҳнаи асосии баромади ҳунармандон наздиктар аст, 120 сомонӣ (тақрибан 11 доллар) хоҳад буд.
Вуруди кӯдакони то 7-сола ба "Наврӯзгоҳ" ройгон аст.