Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро эълон кард

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ, давоми 24 соати гузашта ягон нафар ба коронавирус гирифтор нашудааст. Ба иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи гузашта касе аз ин беморӣ вафот накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирус дар 24 соати гузаштаро нашр намуд.
Бинобар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи ахир ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 сабт нашудааст.
Илова бар ин давоми ин муддат ягон кас ҳам аз ин беморӣ нафавтидааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ: Наздик ба 99 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтанд
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, аз аввали сабти ин беморӣ то рӯзи 18 сентябр дар кишвар, дар маҷмӯъ, 17 084 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин теъдод то ҳол 16 960 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.