Дар Тоҷикистон иштироки 4,5 ҳазор нафар дар интихоботи Думаи давлатии Русия қайд гардид

Дар Тоҷикистон дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия то ҳол 4,5 ҳазор интихобкунанда раъйи худро гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор нафар раъй додаанд.
Дар ин бора сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай дар маросими ифтитоҳи қитъаи интихоботӣ дар бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия суханронӣ карда, қайд намуд, ки созмондиҳандагон ҳама чизи заруриро барои бомуваффақият гузаронидани овоздиҳӣ фароҳам овардаанд.
Рӯзи ахири кори қитъаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ шаш қитъаи интихоботӣ боз шудааст: се қитъа дар Душанбе, як - тоӣ дар Норак, Бохтар ва Хуҷанд.
Лякин-Фролов таъкид кард, ки интихобот дар Тоҷикистон ба таври шаффоф мегузарад.
Ба гуфтаи ӯ, рафти интихоботро дар Тоҷикистонро вакили Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин чаҳор нозири Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия назорат мекунанд.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди Русия ба сар мебаранд.
Ӯ гуфт, давоми чор сол тақрибан 200 000 нафар тоҷикистониҳо шиносномаи Русия гирифтанд.