ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таркиш ба амал омад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба шоҳидони айнӣ хабар дод.
Маълум аст, ки таркиш дар истгоҳи автобус дар шаҳри Ҷалолобод иттифоқ афтодааст.
Бар асари ин ҳодиса ду ғайринизомӣ кушта ва як ҷангии ҳаракати радикалии Толибон* маҷрӯҳ шуд
Ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан мушаххас нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин таркиш дар Ҷалолобод набуда, қаблан Hindustan Times гузориш дода буд, ки дар як ҳодисаи мушобеҳ тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ ва се нафар ҷон бохтанд.
Ҳамзамон шоҳидони айнӣ дар бораи чанд таркиш дар се ноҳияи Ҷалолобод нақл карданд. Онҳо қайд карданд, ки шахсони номаълум ба мошинҳои Толибон* дар наздикии идораи полис ва бинои ҳукумат, ки таҳти назораташон буданд, ҳамла карданд.
Охири моҳи август дар фурудгоҳи Кобул як силсила таркишҳо ба амал омад. Ҳамлаи террористиро ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"* ташкил карданд
Онҳо аз бесарусомонӣ, ки он вақт дар бандари ҳавоӣ ҳукмфармо буд, истифода бурданд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар омадани Толибон* ба қудрат дар Афғонистон, садҳо ҳазор сокинони ҷумҳурӣ мехостанд кишварро тарк кунанд. Ҳама постгоҳҳои сарҳадиро ҷангиён назорат мекарданд, аз ин рӯ фурудгоҳи Кобул ягона роҳи баромад барои шаҳрвандон шуд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия