Расонаҳо: ҳавопаймоҳои низомии рабудашуда аз "Толибон"* ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд

Истребитель F-35
Собиқ халабонҳои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои низомиро аз ҷангҷӯён рабудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Зиёда аз 60 воҳиди ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон хориҷ карда шуд. Дар ин бора хабаргузории Avia.pro хабар дод.
Ин манбаъ қайд мекунад, ки халабонони собиқи Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* рабудаанд. Ҳамин тариқ, ҷангиён қисми муҳими авиатсияи муассирро аз даст доданд, таъкид мекунад Avia.pro.
Илова бар ин, маълум гардидааст, ки халабонҳои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон дар қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи Ми-17, 7 чархболи UH-60, 7 ҳавопаймои ҳамлаи А-29 Тукано, 17 ҳавопаймои сабукрави Cessna 209B ва 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG-ро мустақар кардаанд.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
ВАО: Иттиҳоди Аврупо ба Толибон силоҳ "тақдим кард"
Бино ба маълумоти Avia.pro, бархе аз воҳидҳои низомии рабудашуда дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.
Қаблан ин манбаъ хабар дода буд, ки ҷангҷӯён соҳиби 32 ҳавопаймои ҷангӣ ва 108 чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва ИМА шуданд.
"Толибон"* инчунин беш аз ду ҳазор мошини зиреҳпӯш, ҳашт дронҳои тактикӣ, тӯпҳои гуногун ва аслиҳаи хурдро аз худ кардаанд.
* гурӯҳи террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия