Оҷонсии Оқохон ба зарардидагони офатӣ табиӣ дар Кӯлоб хона тақдим кард

Манзили навсохт ба як сокини шаҳри Кӯлоб бо тамоми шароити созгор барои зиндагӣ кардан, тақдим карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб боз як сокини зарардида аз офати табиӣ бо манзили зист таъмин карда шуд.
Бар хабари котиботи раиси вилояти Хатлон, манзили нав аз ҳисоби Оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сохта шуд.
Тақдими манзили навбуднёд дар доираи ҷашни 30 - юмин солгарди Иҷтиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад.
ИА ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 100 ҳазор евро кумак мекунад
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ба истифода додани хонаи нави истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, Раиси КҲФ, генерал - полковник Рустам Назарзода ва сарвари Оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.
Гуфта мешавад, соҳибони ин манзили навбунёд бв Оҷонсии Оқохон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру навоҳии кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.