ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ӯзбекистон дар баробари кишварҳои дигари ИДМ бо бекорӣ мубориза хоҳад бурд.
Созишномаи мазкур аз ҷониби президент Шавкат Мириёев тасдиқ карда шуд, хабар медиҳад портали ҳуқуқии Norma.uz.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дар охири моҳи май байни кишварҳои ИДМ ба имзо расидааст, ба ташкили бозори умумии меҳнат, кумаки ҳамдигар дар таҳияи чораҳо, барномаҳо ва хизматрасониҳо оид ба мусоидат ба шуғл ва паст кардани сатҳи бекорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон равона шуда буд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барномаҳои омӯзиши муштаракро барои муҳоҷирон бо забон, таърих, фарҳанг ва ҳуқуқи кишварҳои корфармо таҳия карда, шаҳрвандони худро, ки барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, дар стандартҳои байналмилалӣ омӯзанд.
Илова бар ин, системаи эътирофи мутақобилаи салоҳияти кормандон дар асоси натиҷаҳои арзёбии мустақил таҳия карда мешавад.
Барои мубориза бо бекорӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, кишварҳои ИДМ ба ҳамгироӣ кардани системаҳои иттилоотӣ, андешидани чораҳо оид ба шуғли ғайрирасмӣ ва гузаронидани муташаккилонаи ҷалби коргарон дар кишварҳои ҳамсоя розӣ шуданд.
Ҳуҷҷат аз 16 сентябр эътибор пайдо кард, аммо ҳамкорӣ дар доираи Созишнома кайҳо боз идома дорад. Ҳамин тариқ, Русия ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон аз кишварҳои Осиёи Марказиро барои кор дар сохтмонҳои бузург анҷом медиҳад.