Расулзода раисиҷумҳури Эронро гусел кард: Раисӣ ба Теҳрон баргашт

Раисҷумҳури Эрон, ки аз 16 то 18 сентябр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба Теҳрон баргашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисиро гусел кард.
Бояд гуфт, ки президенти Эрон аз 16 то 18 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Раҳмон сафари раисҷумҳури Эронро ба Тоҷикистон оғози марҳалаи нави равобити кишварҳо хонд
Сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.
Дар доираи сафари расмӣ аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.