Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба Маҷлиси навбатӣ даъват шуданд

Дар шаҳри Душанбе санаи 29 сентябри соли равон Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш вакилонро ба Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум даъват кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳо “Дар бораи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025”, “Дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе”, “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, ворид карда шудаанд.
Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои Рустам Акрамзода баъди барканорияш аз раисӣ
Ҳамзамон манбаъ қйд кардааст, ки дар инчунин дар ҷараёни ин иҷалосия масоили “Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе” ва “Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе” баррасӣ хоҳад шуд
Инчунин қайд шудааст, ки тибқи қарори дахлдор барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 27 сентябри соли равон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.