ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Имрон Хон дар оғоз баргузории муваффақонаи 20 – умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон табрик ва аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ситоиш кард.
Сарвазири Покистон пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, як дойираи васеъи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи энержӣ, нақлиёт, нассоҷӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба баррасӣ гирифта шуданд, аммо муҳимтарин мавзуъ, ки ҳарду кишварро ба ташвиш овардааст, Афғонистон буд.
“Як масъалаи бисёр муҳим барои Тоҷикистону Покистон, бахусус мардуми Афғонистон, ки 40 сол ба ин сӯ бори вазнини ҷангу бесуботиро ба дӯш мекашад, сулҳ дар Афғонистон аст. Мо сари ин мавзуъ ба баҳс нишастем, ки чӣ корҳоеро анҷом диҳем, то бо кӯмаки якдигар барои Афғонистон як ояндаи дурахшонеро эҷод кунем”, - гуфт сарвазири Покистон.
Сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) - Русия, Ҳинд, Чин, Покистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин кишвари нозир – Эрон баргузор шуд.
Дар ин нишаст низ мавзӯи калидӣ Афғонистон буд ва раҳбарони кишварҳо бархе аз боби ҳамкорӣ бо “Толибон”* сухан гуфта, зарурати таъсиси як ҳукумати фарогир дар Афғонистонро таъкид карданд.
Тоҷикистон танҳо кишварест, ки аз ҳамон оғоз ба хотири мазҳабии қурунивустоӣ ва такқавмӣ буданаш бо ҳукумати “Толибон”* ошкоро мухолифат кард ва аз муроот нашудани ҳаққи ақвоми ғайрипаштун, қабл аз ҳама тоҷикон, ки 46% дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд, бонги изтироб зад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки қабл аз Имрон Хон изҳори назар карда буд, гуфт, дар ҳоли таъмин нашудани ширкати тамоми ақвом дар умури давлатдории Афғонистон ин кишвар ба як бесуботӣ ва ҷанги дохилии дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Покистон - пуштибони аслии “Толибон”* низ бар ин назар аст, ки фақат як ҳукумати фарогир дар Афғонистон метавонад муҷиби сулҳи пойдор дар Афғонистон шавад.
Имрон Хон низ теъдоди паштунҳо дар Афғонистонро 45% ҳисоб кард ва мухолифати паштунҳову тоҷикон дар ин кишварро асбоби ташвиши ду кишвар арзёбӣ кард.
“Он чиро, ки моро ба ташвиш андохтааст, шуморо ҳам ба ташвиш андохтааст, ихтилоф миёни тоҷикон ва “Толибон”* аст. Мо бар инем, ки мо ҳамаи талоши худро ба харҷ диҳем. Шумо, ҷаноби президент, талоши худро хоҳед кард, ки аз нуфузи худ сари тоҷикон истифода кунед. Мо аз ҷониби худ талош мекунем, ки аз нуфузи худ сари паштунҳо ва “Толибон”* кор гирем. Мо талош мекунем, ки қазияро аз роҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ ҳал кунем”, - гуфт сарвазири Покистон.
Покистон кишварест, ки ҳудуди 15% - и аҳолиашро паштунҳо ташкил мекунанд. Ҳаракати “Толибон”* низ умдатан паштунбунёд аст. Покистон дар замони ҳузури нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон нерӯҳои “Толибон”* – ро дар қаламраваш паноҳ дода буд.
Ин ҳаракат, ки то ба ҳол аз сӯи кишварҳои узви СҲШ террористӣ ва ифротӣ шинохта мешавад, 15 август бо ишғоли 33 вилоят ва шаҳри Кобул қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифт.
Танҳо вилояти озод Панҷшер буд, ки қисмати бузургаш бо кӯмаки ҳавоии артиши Покистон ба ишғоли “Толибон”* даромад ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки нерӯҳои зиддитолиб, умдатан тоҷиконро муттаҳид мекунад, ҳоло қисмати бузурге аз ин вилоятро таҳти назорат доранд.
Ҳоло Покистон ва Тоҷикистон тавофуқ кардаанд, ки ҳарду нерӯро сари мизи музокирот нишонанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бино ба ин тавофуқ, талош бар ин аст, ки қабл аз ҳама дар дараи Панҷшер оташбас эълон ва дар Душанбе музокироти ҷонибҳо баргузор шавад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст