Тоқаев пешниҳоди танҳо нагузоштани Афғонистонро кард

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, набояд мардуми гуногунмиллати Афғонистонро танҳо гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, яке аз масоили пурбаҳс дар Душанбе, ки машваратҳо атрофи он феълан низ идома доранд, мавзӯи Афғонистон мебошад.
Қосим Ҷомарт Тоқаев мегӯяд, вазъи Афғонистон кишварҳои минтақаро дар рӯ ба рӯи хатарҳои ҷадид гузошт.
Ӯ бо таъкиди зарурати таъмини амният афзуд, ки набояд мардуми гуногунмиллати Афғонистонро бо мушкилоташон танҳо гузошт.
Роҳбари Қазоқистон гуфт, ояндаи Афғонистонро чун як давлати воҳиду мустақил мебинад, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар пеш хоҳад рафт.
Ӯ илова намуд, ки Қазоқистон бо интиқоли идеологияи тахрибкорона, маводи мухаддир ва таҳдидҳои терроризму экстремизм мубориза бурда, ҳамчунин кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон ироа хоҳад кард.
Президенти Чин: Дар Афғонистон бояд ҳукумати ҳамашумул ташкил шавад
Тоқаев пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Алмато Маркази ШОС барои кумаки башардӯстона ба Афғонистон ташкил карда шавад.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гардид.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президентҳои Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президентҳои Русия Владимир Путин (онлайн) ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.