ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахши гардишгарӣ ахиран дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон Сайид Иззатуло Зарғомӣ баррасӣ шуд.
Бояд гуфт, ки вазири эронӣ, дар доираи сафари расмии Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе ташриф овардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Мақомоти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид доштааст, ки новобаста аз паҳншавии бемории фарогири COVID-19 соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мешавад, ки устуворона рушд дорад.
Ҷониби Эрон ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни гардишгарӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
“Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд”, - таъкид доштааст Тоҷиддин Ҷӯразода.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ Тоҷикистон, табиати нодири ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои баланд ва осоишгоҳҳои муолиҷавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва агротуризм мусоидат менамояд.