ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури занон дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис шуда буд, дар кабинаи муваққати “Толибон”* ин вазоратхона дигар вуҷуд надорад.
Ҳарчанд “Толибон”* мегӯянд, ки чанд вазоратхона ҳанӯз муаррифӣ нашудааст, аммо ба назар намерасад, вазорате ба номи вазоратхонаи занон дар кобинаи “Толибон”* бошад.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз ҷумла вазоратхонаҳои тозаи таъсисӣ дар ин давра ҳамзамон бо тассалути “Толибон”* ба Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 сентябр Толибон* эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд.
Ба ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали Толибон* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Амирхон Муттақӣ сардори вазорати корҳои хориҷӣ шуд, Муҳаммад Ёқуб вазорати дифоъ ва мулло Ҳаққонӣ вазорати корҳои дохилиро раҳбарӣ кард. Ҳамаи онҳо узви ҷунбиши Толибон* буда, аз ҷиҳати этникӣ ба иттиҳодияҳои қабилавии паштунҳои Дурронӣ ва Гилзай тааллуқ доранд.
*ҳаракати террористӣ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.