Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ барои пазируфтани кишвараш ба ин созмон изҳори миннатдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Иброҳими Раисӣ дар Душанбе аз зарфияти бузурги инсонӣ, энержӣ ва ҷуғрофии Эрон ёдовар шуд ва афзуд, ки ин кишвар дар таҳкими ҳамгироию ҳамкории минтақаӣ саҳми бузург гузошта метавонад.
Раисӣ илова намуд, ки чандҷонибагароии иқтисодӣ, сиёсати ҳамсоядории хуб ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақаӣ аз авлавиятҳои сиёсаташ ба ҳайси раисҷумҳури Эрон мебошанд.
Си Ҷинпин дар бораи дахолати хориҷиҳо ва интихоботи дохилии кишварҳои СҲШ
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, минтақаи Осиё ҳамеша пайвандии жарф дошта, эҳтиром ба танаввуи фарҳангӣ, эътимоди тарафайну манофеи муштарак аз пояҳои рушди муносибот мебошанд.
Таъкиди Раисӣ ба ҳамгироӣ дар ҳолест, ки феълан СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Санади пазируфтани Эрон ба СҲШ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба имзо расид. Ҳамчунин Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ низ ба ҳайси нозир дар СҲШ қабул шуданд.