ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳайати ҳукумати ҷадиди Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳаракати “Толибон” танаввуи қавмӣ дар кишварро нодида гирифта, аз роҳи яккатозии як қавм пеш меравад.
“Мо мехоҳем Афғонистонро озод аз терроризм ва маводи мухаддир, як кишвари амну осоишта ва рӯ ба рушд бубинем. Бар инем, ки низоми сиёсии Афғонистон бар асоси раъйи озоди мардумаш ва бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ шакл бигирад. Бор кардани низоми сиёсӣ бар сари Кобул бидуни ризоияти мардуми Афғонистон, ки аз қавмҳои мухталиф иборат аст, авоқиби ногувори бузургеро дар пай хоҳад дошт”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон риштаи суханашро ба амнияти минтақаву ҷаҳон ва вазъи вахими башариву амниятии Афғонистон кашида гуфт, вазъи имрӯзи Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсири мустақим дорад.
“Тайи ҷанги дохилии қариб 50-сола Афғонистон ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳояшро ҷаҳон дар намунаи ҳаводиси соли 2001 дид ва такрори онҳо истисно нест. Аз ин хотир ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад, ки маҷбуранд, аз мушкилоти низомиву башарии дар пайи хуруҷи эътилофи ғарбӣ ба амаломада бигзаранд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, Салиби Сурх ва дигарон муроҷиат кардааст, то ёрии таъҷилии худро ба мардуми Афғонистон, ба шумули вилояти Панҷшер, ки аз ду моҳ ба ин сӯ дар муҳосира қарор дорад, бирасонад.
“Мо бар инем, ки барои муқобила бо хатароти бархоста аз Афғонистон тадобири ҷиддӣ, бахусус бо истифода аз зарфиятҳои нерӯҳои зиддитеррористии СҲШ, ҳамкории танготанги мақомоти қудратӣ ва махсуси кишварҳои узв андешида шавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ин суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз ҳуқуқи қавмҳои ғайрипаштуни Афғонистон ҳимоят карда, адами танаввуи қавмӣ дар ҳукумати “Толибон”-ро як падидаи хатарнок барои Афғонистону Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон арзёбӣ карда буд.
Қабл аз ӯ дар ин ҷаласаи СҲШ Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бар вахомати вазъи башарӣ дар Афғонистон таъкид намуда, пешниҳод кард, ки дар Қазоқистон як маркази кӯмакҳои башардӯстона барои Афғонистон ташкил шавад.